8 август 2020, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Таваҷҷуҳ! КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад:

48
КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад:

1. Сардори раёсати шаҳрсозӣ.
2. Сармутахассиси раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ.
3. Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ оид ба корҳои махсус ва мудофиаи гражданӣ.
4. Мутахассиси пешбари раёсати шаҳрсозӣ.

ҶАМЪ: 4 ВОҲИД.
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро ба бахши кадрҳои Кумита (кӯчаи Ҳусейнзода, 36) пешниҳод намоянд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (4 адад акси рангаи 3х4 ва 4х6);
- шарҳи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки агар шахс собиқаи меҳнатӣ
надошта бошад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро хатм намудаанд);
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулки худ;
- маълумотнома оид ба доғи судӣ;
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат.
ЭЗОҲ: талабот барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
- сардори раёсати шаҳрсозӣ 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- сармутахассиси раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ оид ба корҳои махсус ва мудофиаи гражданӣ 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- мутахассиси пешбари раёсати шаҳрсозӣ 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
Маоши моҳона: сардори раёсати шаҳрсозӣ - 2278,80 сомонӣ, сармутахассиси раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ - 1140,0 сомонӣ, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ оид ба корҳои махсус ва мудофиаи гражданӣ - 1140,0 сомонӣ ва мутахассиси пешбари раёсати шаҳрсозӣ - 930,0 сомонӣ муайян гардидааст.
Довталабон маълумоти иловагиро метавонанд аз сомонаи www.tajsohtmon.tj ва телефони 221-98-59 гиранд. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: 21 рӯз пас аз нашри эълон.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво