25 май 2020, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ барои ишғолимансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад

164
КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН барои ишғолимансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад:

1. Сармутахассиси раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон.
2. Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ оид ба корҳои махсус ва мудофияи гражданӣ.
3. Мутахассиси пешбари раёсати корҳо.

ҶАМЪ: 3 ВОҲИД.
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро ба ба бахши кадрҳои Кумита (кӯчаи Ҳусейнзода, 36) пешниҳод намоянд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (4 адад акси рангаи 3х4 ва 4х6);
- шарҳи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки агар шахс собиқаи меҳнатӣ
надошта бошад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро хатм намудаанд);
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулки худ;
- маълумотнома оид ба доғи судӣ;
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат.

ЭЗОҲ: талабот барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
- сармутахассиси раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ оид ба корҳои махсус ва мудофияи гражданӣ 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- мутахассиси пешбари раёсати корҳо 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Сармутахассиси раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон 1140,0 сомонӣ, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ оид ба корҳои махсус ва мудофияи гражданӣ 1140,0 сомонӣ ва мутахассиси пешбари раёсати корҳо 930,0 сомонӣ муайян гардидааст.

Довталабон маълумоти иловагиро метавонанд аз сомонаи www.tajsohtmon.tj ва телефони 221-98-59 гиранд. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: 21 рӯз пас аз нашри эълон.



Лутфан барои пешгирии касалиҳои сироятӣ гигиенаи шахсиро риоя намоед.



Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво