Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон
1. Сардори раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон 1-ҷой, маоши мансабӣ 4409,90 сомонӣ
1. Сармутахассиси раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2204,0 сомонӣ
2. Мутахассиси пешбари раёсат – 2 ҷой, маоши мансабӣ 1798,0 сомонӣ
Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ
1. Сармутахассиси раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2204,0 сомонӣ
2. Мутахассиси пешбари раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1798,0 сомонӣ
Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ
1.Сармутахассиси раёсат-1 ҷой, маоши мансабӣ 2204,0 сомонӣ
2. Мутахассиси раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ
Раёсати корҳо
2. Сармутахассиси раёсат - 1 ҷой, маоши мансабӣ 2204,0 сомонӣ
3. Мутахассис пешбари раёсат - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1798,0 сомонӣ
Шуъбаи ҳуқуқ
1. Сармутахассиси оид ба корҳои махсус ва мудофияи гражданӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2755,0 сомонӣ
1.Сармутахассиси шуъба - 1 ҷой, маоши мансабӣ 2204,0 сомонӣ
2. Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ
Шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот
1.Сармутахассиси шуъба - 1 ҷой, маоши мансабӣ 2204,0 сомонӣ
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сардори раёсат
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби сардори шуъба
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби ёвари раиси Кумита
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби сармутахассис
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Барои ишғоли мансаби мутахассис
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳои (бо 2 дона акси андозаи 4x6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотномаи доғи судӣ
-маълумотнома (объективка)
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, хиёбони Ҳусейнзода – 36
Телефон барои тамос: 221-98-59
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.