7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

РАЁСАТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ҒАЙРИИДОРАВИИ ҲУҶҶАТҲОИ ЛОИҲАВИИ ШАҲРСОЗИИ КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

538
РАЁСАТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ҒАЙРИИДОРАВИИ ҲУҶҶАТҲОИ ЛОИҲАВИИ ШАҲРСОЗИИ КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:1. Мудири бахши таҳлили харҷномаҳои Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 2319,90 сомонӣ.
2. Мутахассиси пешбари бахши муҳосибавии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1890,80 сомонӣ.

қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабон:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинӣ кардашуда;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи хати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
(агар шахс оиладор бошад);
-нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
-дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мудири бахш:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санаду меъёрҳои соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медарорад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер;

Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо:
21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун;
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ
Телефонҳо барои тамос: 223-17-59




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво