14 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

1951
1. Сардори раёсати шаҳрсозӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 3143 сомонӣ.
2. Сардори раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон - 1 ҷой, маоши мансабӣ 3143 сомонӣ.
3. Сардори раёсати корҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ 3143 сомонӣ.
4. Муовини сардори раёсати шаҳрсозӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 2585 сомонӣ.
5. Сардори шуъбаи барномаҳои давлатӣ ва амалигардони они раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 2115 сомонӣ.
6. Ёвари Раиси Кумита - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1735 сомонӣ.
7. Мудири бахши кадрҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1735 сомонӣ.
8. Сармутахассиси раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ.
9. Сармутахассиси раёсати шаҳрсозӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ.
10. Сармутахассиси раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон - 2 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ.
11. Сармутахассиси раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ.
12. Сармутахассиси шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ.
13. Мутахассиси пешбари раёсати шаҳрсозӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1286 сомонӣ.
14. Мутахассиси пешбари раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1286 сомонӣ.
15. Мутахассиси пешбари раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1286 сомонӣ.
16. Мутахассиси пешбари раёсати корҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1286 сомонӣ.
17. Мутахассиси раёсати шаҳрсозӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ 1062 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори раёсат

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби сардори шуъба

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби ёвари раиси Кумита

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.


Барои ишғоли мансаби мудири бахш
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби сармутахассис
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Барои ишғоли мансаби мутахассис
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳои (бо 2 дона акси андозаи 4x6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
-маълумотнома (объективка).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, хиёбони Ҳусейнзода – 36
Телефон барои тамос: 221-98-59
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво