4 декабр 2022, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

391
1. Сармутахассиси раёсати шаҳрсозӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ.
2. Сармутахассиси раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ.
3. Сармутахассиси раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ.
4. Сармутахассиси раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ.
5. Мутахассиси пешбари раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон 1 - ҷой, маоши мансабӣ 1286 сомонӣ.
6. Мутахассиси пешбари раёсати корҳо - 2 ҷой, маоши мансабӣ 1286 сомонӣ.
7. Мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1286 сомонӣ.
8. Мутахассиси раёсати шаҳрсозӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062 сомонӣ.
9. Мутахассиси раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ


Барои ишғоли мансаби сармутахассис

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Барои ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳои (бо 2 дона акси андозаи 4x6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (объективка).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, хиёбони Ҳусейнзода – 36
Телефон барои тамос: 221-98-59
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво