10 август 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 5 август Вазорати нақлиёт, Агентии назорати маводи нашъаовар, Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

61
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 5 август Вазорати нақлиёт, Агентии назорати маводи нашъаовар, Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд5 август оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Агентии назорати маводи нашъаовар нишасти матбуотиро соати 09:00 дар Агентии назорати маводи нашъаовар баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати 10:00 дар Вазорати нақлиёт доир мегардад.

Нишасти матбуотии Палатаи савдо ва саноат соати 15:00 дар Палатаи савдо ва саноат барпо мешавад.

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2022 аз 12 июл оғоз гардида, 5 август ҷамъбаст мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво