10 август 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

3 август Агентии содирот, Академияи идоракунии давлатӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

68
3 август Агентии содирот, Академияи идоракунии давлатӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд3 август Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Агентии содирот нишасти матбуотиро соати 09:00 дар Агентии содирот доир менамояд.

Нишасти матбуотии Академияи идоракунии давлатӣ соати 10:00 дар Академияи мазкур баргузор мегардад.

Нишасти матбуотии Комиссияи олии аттестатсионӣ соати 11:00 дар Комиссияи олии аттестатсионӣ (кӯчаи Шевченко 39, назди Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ) барпо мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво