Главная > Навидҳо > Баргузории фестивали ҷумҳуриявии «Мероси фарҳангии ғайримодии халқи тоҷик» дар Кӯлоб

Баргузории фестивали ҷумҳуриявии «Мероси фарҳангии ғайримодии халқи тоҷик» дар Кӯлоб


4-04-2017, 10:35.
Дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик» Фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар фестивал намояндагони шаҳру навоҳии кишвар дастовардҳои хешро манзури иштирокчиён намуданд. Фестивал дар ду бахш- намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ҳунармандони манотиқи гуногун сурат гирифт.
Дар саҳни қаср намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили маҳсулоти санъати заргарӣ, дуредгарӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, адрасбофӣ ба тамошо гузошта шуд. Дар саҳнаи қаср иштирокчиён аз таронаю рақсҳои халқӣ, чун «Фалаки кӯҳистонӣ», «Рақси остин», «Дафсозӣ», «Шашмақом», «Сабзинабача», «Фалаки роғӣ ва найбазм», «Нақшхонӣ», «Рубоиёти водии Зарафшон», «Фалаки бадахшонӣ» ва рақси «Табақ» ҳаловат бурда, ба ҳунари санъаткорон таҳсин гуфтанд.
Вернуться назад