Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Тоҷикистон ва Литва ҳамкории судмандро дар соҳаи сайёҳӣ таҳким мебахшанд

Тоҷикистон ва Литва ҳамкории судмандро дар соҳаи сайёҳӣ таҳким мебахшанд


13-04-2022, 10:33.
Тоҷикистон ва Литва ҳамкории судмандро дар соҳаи сайёҳӣ таҳким мебахшандТавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Литва дар соҳаи сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Қазоқистон Гинтаутас Васюлис дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар мулоқот мусоҳибон масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Литва оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии кишвар дар самти хизматрасонӣ ва мубодилаи сайёҳон миёни ду давлатро баррасӣ намуданд.

Хамсуҳбатон инчунин ҳавасмандии худро барои ҳамкории судманду тақвияти дӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ дар рушди сайёҳӣ иброз намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вернуться назад