Главная > Навидҳо > Ҳайати Арабистони Саудӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе иштирок мекунад

Ҳайати Арабистони Саудӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе иштирок мекунад


13-04-2022, 08:43.
Ҳайати Арабистони Саудӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе иштирок мекунад12 апрел мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, табодули афкор намуданд.

Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ омодагии кишварашро барои иштирок дар чорабинии мазкур дар сатҳи муносиб таъкид кард.

АКС: ВКХ Тоҷикистон
Вернуться назад