Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Ширкати S7 Airlines имрӯз парвозҳои мунтазамро ба Тоҷикистон аз сар мегирад

Ширкати S7 Airlines имрӯз парвозҳои мунтазамро ба Тоҷикистон аз сар мегирад


3-04-2022, 11:01.
Ширкати S7 Airlines имрӯз парвозҳои мунтазамро ба Тоҷикистон аз сар мегирадШиркати S7 Airlines парвозҳои мунтазамро ба Тоҷикистон аз сар мегирад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба sakhapress.ru.

Парвозҳо аз моҳи апрел барқарор мегарданд. Шурӯъ аз имрӯз, 3 апрел парвози ҳамарӯза дар самти Москва — Хуҷанд — Москва оғоз мешавад.

Аз 4 апрел парвозҳо дар самти Новосибирск — Душанбе — Новосибирск дубора оғоз ёфта, ҳафтае 2 маротиба — рӯзҳои душанбе ва чоршанбе анҷом дода мешаванд.

Аз 5 апрел инчунин аз Новосибирск ба Бохтар ва баръакс хатсайр боз мегардад. Ширкат нақша дорад, ки ҳафтае 2 парвоз — рӯзҳои сешанбе ва чоршанбе анҷом диҳад.

Аз 7 апрел рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе парвози Новосибирск — Хуҷанд — Новосибирск анҷом дода мешавад.

S7 Airlines (Эс сэвэн эйрлайнс) ширкати ҳавопаймоии Русия аст, ки узви иттиҳоди ҷаҳонии авиатсионии Oneworld мебошад. Ин ширкат ҳамлу нақли ҳавоии дохиливу байналмиллалиро анҷом медиҳад ва дуввумин ширкати бузурги ҳавопаймоии Русия аст.

Идораи он дар Новосибирск ҷойгир аст. Шабакаи хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоӣ дар заминаи пайванди нақлиёти ҳавоӣ, ки дар фурудгоҳҳои Домодедово (Москва) ва Толмачёво (Новосибирск) ҷойгир шудаанд, сохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон эълон карда буд, ки ширкатҳои ҳавопаймоиро барои боло бурдани қимати парвозҳо муҷозот хоҳанд кард. Дар сурати боз боло рафтани қиматҳо, мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ширкатҳои ҳавопаймоиро аз ҳаққи ирсоли парвоз ба Русия ва бозгашт маҳрум мекунанд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Вернуться назад