Главная > Навидҳо / Фарҳанг > Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Муассисаи нашриявии «Ирфон»

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Муассисаи нашриявии «Ирфон»


21-03-2022, 08:21.

Имрӯз дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» низ чун дар ҳама ташкилоту муассисаҳои мамлакат ҷашни куҳану ҳамешаҷавони Нарӯзи бо пазироии руҳияи замони нав созгоркарда ва мавриди эътирофи ҷаҳониён қарорёфта, таҷлил гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар муассисаи мазкур хабар доданд, кормандони муассиса ҷамъомади фарҳангиро тибқи расму оини наврӯзӣ омода карданд. Директори муассиса Қурбон Ғуломзода ҳайати кормандонро ба ин ҷашни фархунда табрику шодбош гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки маҳз бо заҳмату талошҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 12 феврали соли 2010 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қатънома доир ба Ҷашни байналмиллалӣ гардидани Наврӯз қабул ва ба созмони таърихию фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд ва имсол дувоздаҳум баҳор аст, ки ҷашни Наврӯз дар тамоми ҷаҳон бо шукуҳу шаҳоматаш таҷлил мегардад.

Зимни суханронӣ дигар кормандони муассиса низ аз Наврӯз ба унвони қадимтарин ва хубтарин ҷашни миллӣ ёд карда, гуфтанд, ки он дар замони Истиқлол шукуҳу шаҳомати худро дарёфт ва дар фарҳанги миллии мо ҷашни Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд мебошад ва ин ҷашни умумӣ барои миллати тоҷик мероси таърихӣ ба шумор меравад.

Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромиву таърихӣ саҳми фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад.

Ҳамчунин ҳозирин аз Наврӯз чун пайки оғози кишту кори баҳорӣ, шукуфоиву зебоӣ, шодиву сурур, пошидани донаи умед ба хоки Ватан ва мазраи дилҳо, эҳёи тамоми табиат ёдовар шуданд ва бо навову савтҳои дилнишину фараҳфизои наврӯзӣ суруданду рақсиданду хурсандӣ намуданд.
Вернуться назад