Главная > Навидҳо > Дар Осорхона таҳти унвонҳои «Ҷашни Наврӯз дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиш ва «Наврӯз – суннати мондагори ваҳдат аст» ҳамоиши илмӣ доир шуд

Дар Осорхона таҳти унвонҳои «Ҷашни Наврӯз дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиш ва «Наврӯз – суннати мондагори ваҳдат аст» ҳамоиши илмӣ доир шуд


16-03-2022, 10:23.

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз 15 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷашни Наврӯз дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиш доир гардид. Ҳамзамон бо ташаббуси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ, Вазорати фарҳанги мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ХҲДТ ва Шӯрои куҳансолони Тоҷикистон таҳти унвони «Наврӯз – суннати мондагори ваҳдат аст» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ Ҳамоиши мазкур баргузор шуд.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, иштирокчиён нахуст аз намоиши омоданамудаи Осорхонаи миллӣ дар мавзӯи «Ҷашни Наврӯз дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дидан намуданд, ки дар он 23 адад асарҳои беҳтарин рассомони машҳури мамлакат, 2 лавҳаи кандакорӣ ва 6 лавҳаи наққошӣ, ки дар онҳо манзараҳои баҳору ҷашни Наврӯз инъикос ёфтаанд, гирдоварӣ шудаанд.

Пас аз ифтитоҳ ва боздид аз намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Наврӯз – суннати мондагори ваҳдат аст» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ оғоз гардид, ки дар он олимону муҳаққиқон ва намояндагони касбу кори гуногун дар мавзӯъҳои «Наврӯз – оини ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ», «Пешвои миллат – эҳёгари дубораи арзишҳои наврӯзӣ», «Наврӯз – мероси бебаҳои мост», «Ҷашни Наврӯз ва фарҳанги наврӯзӣ» ва «Ҷилваи наврӯз дар даврони Истиқлол» маърӯза намуданд.

Нотиқон, аз ҷумла зикр карданд, ки Наврӯз аз зумраи идҳое мебошад, ки онро мардуми тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамояд. Наврӯзро соли нави мардуми ориёитабор маънидод намуда, ҳар сол бо муҳаббату самимият пешвоз мегиранд. Чуноне аз номи он бармеояд, Наврӯз маънии «рӯзи нав»-ро дошта, дар ибтидои соли нави хуршедӣ таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанину зиндашавии табиат, оғози кишту кор ва айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад.


Ёдоварӣ шуд, ки бо ибтикор ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Тибқи маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Масалан, дар Афғонистон 21 март, Эрон аз 20 то 23 март, Озарбойҷон аз 20 то 26 март, Қазоқистон аз 21 то 24 март, Туркманистон аз 20 то 23 март, Қирғизистон ва Ӯзбекистон 21 март; Албания (Рӯзи Баҳор) аз 20 то 23 март ва дар Косово 21 март рӯзҳои истироҳат маҳсуб мешаванд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола ҷашни байналмилалии Наврӯз наздики як ҳафта таҷлил мегардад.



АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Вернуться назад