Главная > Навидҳо > Игор Шувалов: «Мардуми Тоҷикистон меҳнатдӯст ва бомасъулият ҳастанд»

Игор Шувалов: «Мардуми Тоҷикистон меҳнатдӯст ва бомасъулият ҳастанд»


28-01-2017, 13:36.
Муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов зимни изҳороти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҷараёни он изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки дар ҷаласа масоили марбут ба ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои иқтисод ва савдо, энергетика, нақлиёт, фарҳанг, маориф ва роҳҳои ҳалли баъзе мушкилоти мавҷудаи миёни ҳарду кишвар мубодилаи судманд сурат гирифтанд.
Игор Шувалов соли 2017-ро соли муҳим номид, чунки дар ин сол аз барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Россия 25 сол сипарӣ мегардад. Баргузор гардидани ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматӣ ва сафари қарибулвуқӯи Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ аз воқеаҳои муҳими сол ном бурд.
Дар баромади Игор Шувалов омодагию ҳавасмандии ҷониби Россия ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар самти содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Россия, роҳандозии хатсайрҳои ҳавоии байнидавлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар ва мусоидат ба беҳтарсозии вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ таъкид гардиданд.
Муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия зикр кард, ки Тоҷикистону Россияро таърихан муносибатҳои дӯстона ба ҳам мепайвандад. Ӯ мардуми Тоҷикистонро мардуми меҳнатдӯст ва бомасъулият номида, гуфт, ки дар айни ҳол дар Россия нафарони зиёд аз Тоҷикистон ба тиҷорати хусусӣ машғуланд ва дар рушди иқтисодиёти Росия саҳмгузоранд.
Игор Шувалов аз дастовардҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 изҳори хушнудӣ карда, ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун иброз намуд. Тоҷикистон барои Россия ҳамчунон шарики муҳими стратегӣ ва дӯсти қарин боқӣ мемонад. И. Шувалов ифтитоҳи намояндагии маркази содиротии Россия дар Тоҷикистонро ба густариши ҳамкории миёни ду кишвар дар бахши тиҷоративу соҳибкорӣ маънидод намуда, зикр кард, ки марказ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия ҳамчунин илова намуд, ки он мушкилоту монеаҳое, ки мавҷуданд ва ба рушду тавсеаи ҳамкории ду давлати ба ҳам дӯст таъсири манфӣ мерасонанд, то мулоқоти роҳбарони ҳарду кишвар бартараф хоҳанд гардид.
Маврид ба зикр аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия бо назардошти воқеияти муосир устуворона ва давра ба давра тамоюлот ба таъмиқу тавсеа доранд. Дар заминаи афзун гардидани нақши дипломатияи иқтисодӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ муносибатҳои миёни Тоҷикистону Россия боз ҳам тақвият ёфта, ҷабҳаҳои нав ба нави ҳамкориро мувофиқи имконият, ниёзмандӣ ва манфиатҳои мутақобила фаро мегиранд.
Вернуться назад