Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ба ниёзмандон кумак мерасонад

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ба ниёзмандон кумак мерасонад


18-02-2022, 14:13.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ба ниёзмандон кумак мерасонад17 феврал дар шаҳри Душанбе миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ созишнома оид ба расонидани кумак дар шакли маводи озуқавории мавриди ниёзи аввал ба қишри ниёзманди аҳолии Тоҷикистон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар медиҳад.

Созишномаро котиби генералии ҶҲАТ Баҳодур Қурбониён ва намояндаи Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ба имзо расониданд.

Тибқи созишномаи баимзорасида, кумаки мазкур барои зиёда аз 9 ҳазор оилаҳои ниёзманди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Дар асоси созишнома кумаки Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон тавассути ҶҲАТ дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба ниёзмандон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон тақсим карда мешавад.


Зимни мулоқот бо Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон котиби генералии ҶҲАТ Баҳодур Қурбониён оид ба фаъолияти башардӯстонаи Ҷамъият ва ҳамкории зичу судманди он бо Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмон маълумот дода, иброз намуд, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти ҶҲАТ ба хисоб рафта, дар ин самт ҷамъият ҳамеша барои дастгирии онҳо тадбирҳои саривақтӣ меандешад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ба ниёзмандон кумак мерасонад


Бояд гуфт, ки Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз соли 2016 инҷониб яке аз шарикони боэътимоди ҶҲАТ ба хисоб меравад.



АКСҲО: Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Вернуться назад