Главная > Навидҳо > Табрикоти солинавии Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти солинавии Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


30-12-2016, 10:45.
Табрикоти солинавии Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дӯстони азиз, ҳамкасбони мӯҳтарам!
Шуморо бо фарорасии Соли нави 2017-и мелодӣ аз самими қалб табрик менамоям!
Дар остонаи ин ид, чун анъана, мо ба натиҷаҳои меҳнатии дар давоми сол ба даст овардаамон баҳогузорӣ карда, барои ояндаи дурахшон нақшаҳо мекашем.
Бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузурги халқи тоҷик, 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамонро бо ифтихору сарфарозӣ ва бо шукӯҳи хоса ва ба истифода додани садҳо иншооти хурду бузург дар тамоми қаламрави кишвар истиқбол намудем.
 Табрикоти солинавии Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба ин маънӣ агар ба роҳи паймудаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соли рафтаистода назар андозем, итминон ҳосил мекунем, ки соли 2016-ум дар маҷмӯъ соли вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ буд.
Дар зарфи як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани садҳо иншооти нави таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ-муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гувоҳи равшани густариши ҷараёни созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон мебошанд.
Мо бо соли 2016-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад гузошт, хайрбод мегӯем ва соли нави 2017-ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.
Аз самими қалб Соли нави мелодиро барои ҳамаи шумо - дӯстони азиз, ҳамкасбон, собиқадорони соҳаи сохтмон, лоиҳакашон ва меъморон табрик гуфта, ба хонадони шумо саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ ва ба Ватани маҳбубамон субботу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.
Бигузор оғози ҳамаи орзуҳо ва амали некатон анҷоми неку муваффақона дошта бошанд.
Дар Соли Нав ба Шумо ва хонадонатон бахт ва иқболи баланд орзу менамоям!
Соли Наватон муборак бошад!
Вернуться назад