Главная > Навидҳо > Бунёди 92 адад корхонаи нав дар вилояти Суғд

Бунёди 92 адад корхонаи нав дар вилояти Суғд


19-12-2016, 13:53.
Бунёди 92 адад корхонаи нав дар вилояти СуғдДирӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 11 моҳи соли равон баргузор гашт.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилоят хабар доданд, кори ҷаласа таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ҷараён гирифт.
«Дар ҷаласа Раиси вилоят таъкид дошт, ки дар вилоят дар ҳамаи бахшҳо корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, рушди ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи вилоят таъмин гардид. Дар ин давра қисми даромади буҷети вилоят ба андозаи 103,2 фоиз иҷро гардида, дар маҷмӯъ ба буҷет 1 миллиарду 246 миллиону 219,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Дар баробари ин, иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Деваштич, Конибодом, Зафаробод ва Спитамен таъмин нагардид»,-иттилоъ дод манбаъ.
Тибқи маълумоти расмӣ, давоми соли равон дар вилоят таъсиси 98 коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 92 адад корхонаи нав бо зиёда аз 2,5 ҳазор ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Илова бар ин, дар ин давра дар вилоят беш аз 315 ҳазор тонна ғаллагиҳо, 433 ҳазор тонна сабзавот, 348 ҳазор тонна картошка, 108 ҳазор тонна мевагӣ, зиёда аз 36 ҳазор тонна гӯшт ва 218,5 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шудааст.
«Ҳамчунин дар 11 моҳ 1410 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 1270 гектар боғ ва 140,2 гектар токзор бунёд гардид, ки 129,5 фоизи нақшаи тасдиқгардидаи дурнамои соҳаро ташкил медиҳад»,-хабар доданд аз вилоят.
Вернуться назад