Главная > Навидҳо > Таъмири иншооти соҳаи тиб дар шаҳри Кӯлоб

Таъмири иншооти соҳаи тиб дар шаҳри Кӯлоб


10-12-2016, 09:07.
Маркази мубориза бар зидди бемориҳои СПИД-и шаҳри Кӯлоб ва шуъбаи бемориҳои сироятии шаҳрӣ баъди таъмир ба кор шурӯъ карданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Маркази мубориза бар зидди СПИД ба маблағи 82 000 сомонӣ таъмир гардида, дар ҳаҷми 29 000 сомонӣ барои маркази мазкур анализаторҳо ва дастгоҳи муайян намудани бемории СПИД харидорӣ карда шудааст. Илова ба ин, маблағи 49 000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои таъмир намудани шуъбаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб равона гардидааст.
Вернуться назад