Главная > Навидҳо > Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯй таҷҳизоту доруворӣ дастрас гардид

Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯй таҷҳизоту доруворӣ дастрас гардид


18-01-2022, 12:20.

Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯй таҷҳизот, доруворӣ ва дигар воситаҳо барои муоилаҷаи беморон ворид гардиданд, хабар доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба АМИТ «Ховар».

17 январ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода аз Беморхонаи марказии ноҳия дидан карда, бо таҷҳизоти воридшуда шинос шуд. Инҳо дастгоҳи сипап, 2 адад монитори назди кати бемор, 2 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, занбар барои интиқоли беморон, аробачаи маъюбӣ, чароғ барои ҷарроҳӣ ва даҳҳо номгӯй таҷҳизоти табобатӣ мебошанд, ки нисбат ба дастгоҳҳои пешин бартарии зиёд доранд.

Аъзам Ализода иброз дошт, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ сол аз сол рушд ёфта, ба муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти замонавӣ ворид гардида истодаанд.

Зимни суҳбат бо табибон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия изҳор дошт, ки ба пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии беморон диққати махсус зоҳир намуда, сатҳи хизматрасониро боз ҳам баланд бардоранд.


Вернуться назад