Главная > Навидҳо > «ИНЪИКОСИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲҲОИ ҶУМҲУРӢ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ гардид

«ИНЪИКОСИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲҲОИ ҶУМҲУРӢ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ гардид


10-01-2022, 10:18.
Дар партави Паёми навбатии Пешвои миллат ва дар робита ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ 7 январ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси сохтмони неругоҳҳои ҷумҳурӣ дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиш ифтитоҳ гардида, то 20 январи соли 2022 идома меёбад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ 32 адад беҳтарин мусаввараҳои рассомони машҳури тоҷик, аз қабили офаридаҳои Х. Хушвахтов «Неругоҳи барқи обии Норак», З. Ҳабибуллоев «Норак», М.Хошмуҳаммадов “Сохтмони неругоҳи Қайроққум”, Расулов Ҷалил “Оғози сохтмони Роғун”, И.Волинский “Норак сохта мешавад”, Ф. Салманов “Баҳри Норак” ва Б.Серебрянский “Неругоҳи барқи обии Варзоб” ба тамошо гузошта шудаанд. Ҳамзамон асари рассоми маъруфи тоҷик Карим Наҷмиддинов бо номи “Симои Турсун Улҷабоев”, ки яке аз бунёдгузорони Неругоҳи барқи обии Норак мебошад, манзури тамошобинон гардонида шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки дар баробари инъикоси таъриху фарҳанги қадимии халқи тоҷик дар Осорхонаи миллӣ ҳамзамон дастовардҳои даврони муосир, аз ҷумла соҳаи энергетикаи кишвар ба таври доимӣ муаррифӣ шуда, тамошобинонро бо комёбиҳои Ҳукумати кишвар дар роҳи расидан ба ҳадафи муҳими стратегӣ-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шинос менамояд. Илова бар ин, аз ҳисоби ашёи фонди муассиса намоиши хоссае низ ифтитоҳ гардид. Дар намоиши мазкур заҳмати сохтмончиён ва ташаббускорони сохтмони неругоҳҳои кишвар аз ибтидо то замони муосир инъикос шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки сохтмони неругоҳҳо дар кишвар аз солҳои 20-уми асри XX оғоз гардида, аввалин неругоҳи барқии дизелӣ соли 1926 дар шаҳри Душанбе сохта шудаанд. Баъдан шурӯъ аз солҳои 1930 силсиласохтмонҳои НБО-и Варзоб оғоз шуда, солҳои баъдӣ дигар неругоҳҳо ба истифода дода шудаанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар якчанд неругоҳҳои пуриқтидор, аз қабили «Помир-1» (2005), «Сангтӯда-1» (2009), «Сангтӯда-2» (2014) ба истифода дода шуда, сохтмони НБО-и «Роғун» ва дигар неругоҳҳои хурду бузург идома дорад.

Дар маҷмӯъ, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва 75 фоизи инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон навсозӣ гардиданд, ки ин албатта, дастоварди бузург дар ин ҷода мебошад.

Намоиши “Инъикоси сохтмони неругоҳҳои ҷумҳурӣ дар асарҳои рассомони Тоҷикистон” то 20 январи соли 2022 идома меёбад.
Вернуться назад