Главная > Навидҳо > Корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои «Қандак» ва «Қарағоч»-и роҳи мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод бо маром идома доранд

Корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои «Қандак» ва «Қарағоч»-и роҳи мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод бо маром идома доранд


15-12-2021, 10:56.
Корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои «Қандак» ва «Қарағоч»-и роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод бо маром идома доранд. Сохтмони даромадгоҳи нақби якум дар қисмати ҷанубу шимол босуръат ҷараён дошта, дар нақби дуюм корҳои пеш аз сохтмонӣ гузаронида шуда истодаанд. Дар марҳалаи дуюми татбиқи лоиҳаи бунёди роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод-қисми боқимондаи роҳи асосии Тагикамар-Нуробод ҳамчунин сохтмони нақби «Тагикамар» дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо такя ба гуфтаи менеҷери марҳалаи якуми лоиҳаи бунёди роҳи асосии Роғун-Обигарм-Нуробод Амиралӣ Темурзода.

«Лоиҳаи бунёди роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон буда, сохтмони он моҳи июни соли равон оғоз гардид, ки барои кишвар ва минтақа аҳамияти стратегӣ дорад», -гуфт номбурда.

Амиралӣ Темурзода ёдовар шуд, ки бунёди роҳи мошингарди Ваҳдат-Роғун-Нуробод-Рашт-Лахш бо дастгирии шарикони рушд ҳанӯз соли 2005 оғоз гардида буд. Лоиҳаи нави қитъаи Роғун-Обигарм-Нуробод 86 километр, яъне аз километри 72-юм то 158-уми шоҳроҳи зикршударо фаро гирифта, дар доираи амалишавии он 70 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои мазкур низ бунёду навсозӣ карда мешаванд.

Бунёди қитъаи роҳи мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод низ мисли қитъаҳои дигар тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, рафтуомади мусофирон ва ҳамлу нақли мол тавассути он дар чор фасли сол таъмин карда мешавад ва барои робита бо кишварҳои хориҷӣ имконияту шароити муосир муҳайё мегардад.

Маблағи умумии лоиҳаи мазкур зиёда аз 4,3 миллиард сомонӣ (беш аз 381 миллион доллар)-ро ташкил дода, татбиқи он дар се марҳала то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи марҳалаи якум бунёди роҳи асосии Роғун-Обигарм-Тагикамар ба масофаи беш аз 30 километр, сохтмони нақбҳои «Қандак» ва «Қарағоч» ба дарозии қариб сеюним километр, сохтмони 5 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда ва дигар иншооти сарироҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

Марҳалаи дуюми лоиҳа қисми боқимондаи роҳи асосии Тагикамар-Нуробод ва роҳи байнидеҳавиро дар бар гирифта, ҳамчунин, сохтмони нақби «Тагикамар» ба дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда, 1 пули минтақавӣ ва дигар иншооти нақлиётӣ пешбинӣ карда шудааст.

Дар марҳалаи сеюми лоиҳа сохтмони пули бузург ба дарозии тақрибан 760 метр пешбинӣ гардидааст.
Вернуться назад