Главная > Навидҳо > Дилрабо Мансурӣ: Тоҷикистон дар татбиқи якчанд лоиҳаи муштараки минтақавӣ вобаста ба Афғонистон саҳм мегузорад

Дилрабо Мансурӣ: Тоҷикистон дар татбиқи якчанд лоиҳаи муштараки минтақавӣ вобаста ба Афғонистон саҳм мегузорад


7-12-2021, 14:58.

Тоҷикистон дар татбиқи якчанд лоиҳаи муштараки минтақавӣ вобаста ба Афғонистон саҳм мегузорад, ки сохтмони хатти барқ ва сохтмони 6 пули наздисарҳадӣ аз ҷумлаи онҳост. Мо барои ҳамкории минбаъда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Маркази дипломатияи пешгирикунанда дар самти ҷалби фаъолонаи Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ва расонидани кумакҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба он омодаем. Ин нуктаро имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни мулоқот бо ҳайати намояндагони Созмони Милали Муттаҳид баён намуд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар”.

Дар вохӯрӣ намояндаи махсуси Дабири кулли ин Созмони бонуфузи байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ Наталя Герман, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ва мушовири Созмон оид ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон Армондс Пуполс иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки СММ шарики муҳими байналмилалӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва сатҳи бадастомадаи ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг баланд арзёбӣ карда мешавад.

Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки айни замон кишвар бо сохторҳои СММ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар самти таъмини сулҳу суботи умумибашарӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, таҳдиду хатарҳои муосир ба амният, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори ҷомеа ҳамкории фаъол дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро фаъолона дастгирӣ намуда, иштирокчии доимии равандҳо дар соҳаи мушкилоти об, экология, вазъи муҳити зист ва рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва зерминтақавӣ мебошад. Захираҳои табиии мавҷудаи Тоҷикистон, махсусан иқтидори бузурги гидроэнергетикии он метавонад ба рушди сабз ва солимии муҳити зист дар кишварҳои дигар мусоидат намояд. Инчунин Тоҷикистон ба густариши равобити ҳамаҷониба бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад,-иброз намуд Дилрабо Мансурӣ.

Мавсуф гуфт, ки Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр сарҳад дорад ва бо дарназардошти ин вазъи низомию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвари ҳамсоя дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дорад. Вазъияти кунунии Афғонистон тақозо мекунад, ки ҷиҳати ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин расонидани кумаки саривақтӣ ба мардуми афғон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни ҷонибҳо мавриди муҳокима қарор доданд.


Вернуться назад