Главная > Навидҳо > Ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ дар Тоҷикистон доир мешавад

Ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ дар Тоҷикистон доир мешавад


22-10-2021, 09:10.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино иттилои манбаъ, ин тасмим 21 октябр зимни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар ҷаласаи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, гирифта шуд.

Ҷаласаи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМро Раиси Шӯро Талгат Сотиев ифтитоҳ намуд. Сипас аз номи Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ мушовири департаменти ҳамкории иқтисодӣ Елена Валевич иштирокдорони ҷаласаро хайрамайдам гуфт.

Баъди ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои байниҳукуматӣ дар тӯли 2 сол Раёсати Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷониби Узбекистон дода шуд.

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти геологияи дар давраи солҳои 2019-2021, иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXIII Шӯрои байниҳукуматӣ ва лоиҳа дар доираи Нақшаи муштараки корҳо барои оянда оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ барои солҳои 2021-2025 дар баробари намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Федератсияи Русия аз ҷониби Тоҷикистон Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода низ сухан кард.

Баъди баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи геологияи ИДМ роҳбарони ҳайатҳо якчанд қарорҳоро ба имзо расониданд.

Аксҳо аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ
Вернуться назад