Главная > Навидҳо > Тоҷикистон ва Молдова баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматиро оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баррасӣ намуданд

Тоҷикистон ва Молдова баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматиро оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баррасӣ намуданд


18-10-2021, 15:11.

15 октябр дар Кишинёв мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова (бо қароргоҳ дар Киев) Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатии (муовини вазир) Вазорати иқтисод ва инфрасохтори Ҷумҳурии Молдова, ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Молдова оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ Вадим Гумене сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Молдоваро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, афзоиш додани ҳаҷми табодули мол, мустаҳкам кардани заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Молдова оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ


Вернуться назад