Главная > Навидҳо > Тоҷикистон ва Туркия ҳаҷми гардиши савдоро ба 1 миллиард $ мерасонанд

Тоҷикистон ва Туркия ҳаҷми гардиши савдоро ба 1 миллиард $ мерасонанд


13-10-2021, 18:11.

Тоҷикистон ва Туркия тасмим гирифтаанд, ки солҳои оянда бо истифода аз имконияти мавҷуда гардиши савдои мутақобиларо ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонанд. Чунин зикр намуд Вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Мустафо Варанк дар Форуми саноатии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи 11 –уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар Форуми саноатии соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия, ки бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия доир гардид, роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи ҳарду кишвар ва доираҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Туркия иштирок намуданд. Тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, муаррифии имконияти иқтисодию сармоягузорӣ, ҷалби сармоягузорони Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, истифодаи таҷрибаи Туркия дар рушди саноати Тоҷикистон, ки ҳадафи чоруми стратегӣ дар Тоҷикистон эълон гардидааст, аз ҳадафҳои асосии Форуми саноатии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия буд.

Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, ки ҳамзамон Раиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ мебошад, ҳайати соҳибкорону тоҷирони Туркияро таҳти сарварии Вазири саноат ва технологияи Туркия Мустафо Варанк ба Тоҷикистон шодбош гуфта, зикр намуд, ки тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дар партави иродаи сиёсӣ ва мулоқоти Сарони ҳар ду кишвар –Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаб Тайип Эрдоган қарор дошта, беш аз пеш густариш меёбад, ки далели он баргузории Форуми саноатии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия дар Душанбе аст.

Зикр шуд, ки байни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ фаъолият дорад, ки то имрӯз 11 ҷаласаи он дар шаҳрҳои Душанбе ва Анқара доир гардидааст. Туркия яке аз шарикони иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон буда, дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи хос бархӯрдор аст.

Дар шаш моҳи соли равон гардиши мол байни ду кишвар 177 миллион долларро ташкил дода, соли 2020 дар қиёс ба соли 2019 17 фоиз афзоиш ёфта, 323 миллион долларро ташкил дод. Дар солҳои қабл аз пандемияи COVID-19 табодули мол байни ду давлат марзи 700 миллион долларро убур намуда буд.

Алҳол байни Тоҷикистону Туркия қариб 60 корхонаи муштараки саноатӣ таъсис дода шуда, бо мақсади рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дар шаҳри Душанбе Маркази тиҷоратии «Вафо» фаъолият дорад. Байни ду кишвар парвозҳои мутақими ҳавоӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» ва Туркия «Туркиш Эйр» анҷом дода мешаванд, ки ба ҳамлу нақли мусофирон, густариши равобити иқтисодию тиҷоратии ҳарду давлат саҳми бориз мегузоранд.
Вернуться назад