Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Дар Кӯлоб бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин бунёд мешавад

Дар Кӯлоб бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин бунёд мешавад


13-10-2021, 15:47.

Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бинои нави Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулкиғайриманқул» бунёд мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷараёни бунёди бинои мазкур дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, ки 11 октябр дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раисони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва роҳбарони муассисаҳои системаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумита давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода зимни боздид аз ҷараёни сохтмони бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтанд, ки барои идомаи корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби даромади кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» саҳм гузоранд.

Зикр бояд намуд, ки баъди пурра бунёд гардидани бинои мазкур, ки анҷоми корҳои сохтонӣ то охири соли равон дар назар дошта шудааст, ба кормандони кумитаи идораи замини минтақа ва шаҳри Кӯлоб, инчунин кормандони намояндагӣ ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ин шаҳр шароити боз ҳам беҳтари фаъолият фароҳам оварда хоҳад шуд.

АКС аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ


Вернуться назад