Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Дар ноҳияи Мастчоҳ 3 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд

Дар ноҳияи Мастчоҳ 3 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд


29-09-2021, 11:36.

Дар ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 3 корхона: коргоҳи истеҳсоли макарон, коргоҳи дӯзандагӣ ва коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикии ҶДММ «Диёр» мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ доданд аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».

Корхонаҳои мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муллонаврӯз Муллонаврӯзов бунёд гардида, дар онҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешаванд.

Коргоҳи истеҳсоли макарон бо дастгоҳҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуда,дар он шаш коргар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ чор нафар ва дар коргоҳи дӯзандагӣ 14 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаташкили чунин коргоҳҳои хурди саноатиро барои рушди соҳаи саноат муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз ҳадафҳои асосӣ маҳсуб мешавад. Бо чунин коргоҳҳои хурд метавон эҳтиёҷоти ноҳия ба маҳсулоти заруриро бароварда сохт. Ният аст, ки дар оянда доираи фаъолияти коргоҳҳо бояд васеъ карда шавад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ тайи чанд соли охир ба ташкили корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шуда, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат аз тамоми имконият истифода бурда мешавад.
Вернуться назад