Главная > Навидҳо / Истиқлолият > Дар Панҷакент ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ муассисаи таълимии хусусӣ ба фаъолият оғоз намуд

Дар Панҷакент ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ муассисаи таълимии хусусӣ ба фаъолият оғоз намуд


20-09-2021, 13:37.

Бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва саҳми соҳибкорон Муассисаи таълимии хусусии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ расман ба фаъолият оғоз намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Муассисаи мазкур ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, барои 80 нафар хонанда дар як баст бо имконоти беҳтарини таълим пешбинӣ гардидааст.

Муассиса аз 2 ошёна, 16 синфхона, аз ҷумла 4 синфхонаи фаннӣ, синфхонаҳои компютерӣ, утоқҳои алоҳидаи фанҳои дақиқ, майдончаи варзишӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Мактаби хусусии мазкур Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маорифро дар амал татбиқ намуда, барои омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ заминаи мусоид мегардад.

АКС: аз МИҲД шаҳри Панҷакент


Вернуться назад