Главная > Навидҳо / Истиқлолият > Дар шаҳри Кӯлоб барои зарардидагони офати табиӣ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Кӯлоб барои зарардидагони офати табиӣ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд


19-09-2021, 08:39.

Дар доираи ҷашни миллии 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳамкории дуҷонибаи байналмилалӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист барои зарардидагони офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон боз як хона бо тамоми шароит ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маросими ба истифода додани хонаи нави истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ва Сарвари Агентии Оғохон оид ба муҳити зист Ҳодӣ Ҳусайнӣ ширкат карданд.

Соҳибони хонаи нав ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист барои кумак ва расидагӣ ба мушкилашон изҳори сипос намуданд.

АКС: КҲФ ва МГ
Вернуться назад