Главная > Навидҳо > Таҷлили Иди забон дар КВД «Лоиҳакаш»

Таҷлили Иди забон дар КВД «Лоиҳакаш»


5-10-2016, 12:54.
Таҷлили Иди забон дар КВД «Лоиҳакаш»
Дар КВД «Лоиҳакаш»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябр бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад сармуҳаррири МД «Рӯзномаи бинокорон» Д.Н.Табарова ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба қабули қонун дар бораи забони давлатӣ, мақому манзалати забон, пайдоиш ва рушди забони давлатӣ ҳарф зад. Д.Н.Табарова иброз дошт, ки 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул карда шуд. Тибқи қонуни мазкур забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” - ро қабул кард. Пас аз тағйирот дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", рӯзи 5 октябр -Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.2009 с., № 699) эълон гардид.
Д.Табарова иловатан қайд кард, ки Иди забон имрӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар чун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ифтихор аз давлату ватандорӣ, бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Зеро рӯзи Иди забон ҳамчун рамзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, рушноӣ бар торикӣ ва хайр бар шар абадан боқӣ хоҳад монд.
Д.Табарова тавсияномаи конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон»-ро, ки рӯзи 4-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, бо бандҳои алоҳидааш шарҳ дод.
Дар ҷамъомад Ф.Музофирова-мухбири «Рӯзномаи бинокрон» маърӯза дар мавзӯи «Софу беолоиш ва орӣ аз камбудӣ нигоҳ доштани забони давлатӣ» баён намуд. Ф.Музофирова қайд кард, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида, мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модариамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарӯза саҳмгузор бошем.
Дар охир кормандони КВД «Лоиҳакаш» ба таври озод бо забони тоҷикӣ дар васфи забон, модар, ватан, Тоҷикистон, сулҳу ваҳдат аз ашъори классикони тоҷику форс порчаҳои шеърӣ қироат карданд.
"РБ"
Вернуться назад