Главная > Навидҳо > Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба Душанбе омад

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба Душанбе омад


15-09-2021, 15:52.
Имрӯз Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ 17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Вернуться назад