Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Фарҳанг / Истиқлолият > Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Екатеринбург ботантана таҷлил гардид

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Екатеринбург ботантана таҷлил гардид


11-09-2021, 10:36.
Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Екатеринбург ботантана таҷлил гардид
Бегоҳирӯзии 9 сентябр дар шаҳри Екатеринбург бо иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Зафар Сайидзода ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии ҶТ дар Екатеринбург хабар доданд.

Дар ин чорабинӣ 80 нафар роҳбарону фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни муқими чор вилояту ду округи мухтори минтақаи Урал иштирок намуданд.

Дар назди ҳозирин Консули генералӣ Зафар Сайидзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, муовини аввали раиси Шӯрои ҷамъиятии машваратии назди Консулгарии генералӣ Ёқуб Умаров, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни муқими ҳавзаи консулӣ сухан гуфтанд. Аз ҷумла, Зафар Сайидзода дар бораи марҳалаҳои асосию дастовардҳои умдаи даврони Истиқлол ва ҳадафу вазифаҳои стратегии он, бахусус дар мавриди пешбурди ҳаёту фаъолияти саодатмандонаи ҳамватанони бурунмарзӣ изҳори назар кард.
Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Екатеринбург ботантана таҷлил гардид
Дипломати тоҷик ҳамаи ҳозиринро барои фаъолияти пурсамару қобили таҳсин дар арсаи таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди солиму комили ҷомеаи тоҷикистониён дар минтақаи Урал, афзоиши кумаки хайриявӣ ба муҳоҷирони ниёзманди ҳамватан дар шароити ҳамагири Ковид-19, ҳифзи обрӯ ва татбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар қаламрави Русия бо Ифтихорномаи Консулгарии генералӣ қадру сарфароз гардонид.

Дар ҷамъомади идона санъаткорони маҳаллии тоҷик бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири иштирокдоронро шоду болида гардониданд.


Вернуться назад