Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Фарҳанг / Истиқлолият > Чойхонаи «Сари баландӣ» — ҳадяи ҷашнӣ ба сокинони шаҳри Хуҷанд

Чойхонаи «Сари баландӣ» — ҳадяи ҷашнӣ ба сокинони шаҳри Хуҷанд


10-09-2021, 14:30.
Чойхонаи «Сари баландӣ» — ҳадяи ҷашнӣ ба сокинони шаҳри Хуҷанд
Дар доираи таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси вилояти Фарғона, раисони чор шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Узбекистон, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва фаъолони маҳалла чойхонаи «Сари баландӣ» бо маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Чойхонаи «Сари баландӣ» — ҳадяи ҷашнӣ ба сокинони шаҳри Хуҷанд
Дар мавзеи ноободи маҳаллаи Сари баландӣ барои сокинони он як маркази нави хизматрасонӣ, иборат аз чойхона, дорухона, нонвойхона бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд шуда, дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Чойхонаи «Сари баландӣ» — ҳадяи ҷашнӣ ба сокинони шаҳри Хуҷанд
Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид таъкид дошт, ки эҳёву гиромидошти расму оини аҷдодӣ ва иҷрои амалҳои бунёдкорона баҳри ободии як гӯшаи диёр ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат роҳандозӣ гардида, бахшида ин иди муқаддаси миллӣ беш аз 26 000 иншооти таъйиноташон гуногун ба истифода дода шуданд.

Бунёди чунин марказҳои истироҳату фароғат, бахусус чойхонаҳо ва таъмини шароити муосир нишонаи баланди фарҳанги маҳалладорӣ ва омили муҳими тарбияи насли оянда дар роҳи ватанпарварию хештаншиносӣ мебошад.
Вернуться назад