Главная > Навидҳо / Истиқлолият > Дар Муъминобод ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд

Дар Муъминобод ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд


7-09-2021, 14:40.

Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод.

Дар ҷаласа раиси ноҳия Лутфия Шарифзода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода ва тамоми фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Лутфия Шарифзода ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки «ноҳияи Муъминобод тайи 30 соли истиқлолият бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръати баланд рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ноҳия 16 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда, сатҳи зиндагии мардум боло рафта истодааст».

Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода доир ба нақши соҳибистиқлолӣ дар рушду пешрафти мамлакат ва арҷгузорӣ ба ин неъмати бебаҳо сухан гуфт.

Зимни ҳамоиш ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муаллими тарбияи ҷисмонӣ Шариф Миров медали «Хизмати шоиста» ва ба як гурӯҳ кормандони касбу кори гуногун, ки дар рушду нумӯи ноҳия саҳми босазо гузоштаанд, ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод тақдим гардиданд.


Вернуться назад