Главная > Навидҳо / Фарҳанг / Фарзонафарзандон > ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. Саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон дар рушди маориф

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. Саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон дар рушди маориф


4-09-2021, 10:13.
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. Саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон дар рушди маориф
Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур (1899 – 1937) ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва ҳизбӣ хизматҳои зиёде барои миллати тоҷик намудааст, ки дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадӣ сабт хоҳанд шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ӯ яке аз созмондиҳандагони Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон (соли 1924) ва минбаъд ҷумҳурии мустақили тоҷикон дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ (соли 1929) маҳсуб меёбад, навиштааст доктори илми фалсафа, профессор Хуршед ЗИЁӢ дар мақолаи нави худ «Шириншоҳ Шоҳтемар. Саҳми қаҳрамони тоҷик дар рушди маориф», ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар нашрияи расмии «Ҷумҳурият» ба табъ расидааст.

Дар маҷмуъ, Шириншоҳ Шоҳтемур дар таъсис ва таҳкими Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистон ва эҳёи миллати тоҷику давлатдории он хидматҳои беназире кардааст, ки дар он замон бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (соли 1930) ва дар замони муосир аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон (27 июни соли 2006) сазовор гардидааст.

Дар баробари ин, Шириншоҳ Шоҳтемур дар рушди фарҳанги Тоҷикистон дар солҳои бистуму сиюми қарни гузашта низ саҳми босазое гузоштааст, ки минбаъд пояи мустаҳкаме на танҳо барои рушди давлати тоҷикон гузоштанд, балки ин миллатро ба мардуми шуравӣ муаррифӣ карда, аз хавфи нестшавӣ комилан эмин нигоҳ доштанд. Дар ин росто қобили зикри хос аст, ки Шириншоҳ Шоҳтемур ташаббускори нашри рӯзнома бо забони тоҷикӣ бо номи «Овози тоҷик» буд, ки ибтидо аз сентябри соли 1924 дар Самарқанд ба чоп мерасид. Ҳамзамон, бо дастгирии ӯ асари безаволи яке аз муаллифони фаъоли рӯзномаи «Овози тоҷик» — устод Садриддин Айнӣ (1878 – 1954) «Намунаи адабиёти тоҷик» ба нашр расид, ки барои бозбинии тақсимоти ҳудудии Осиёи Миёна ва таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамчун далели раднопазире хизмат намуд.

Хидматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур дар рушди маорифи миллати тоҷик ҳам хеле назаррас буда, ин соҳаро барои миллате, ки тоза соҳиби ҷумҳурии мухтор ва минбаъд ҷумҳурии мустақил гашта буд, хеле пеш бурданд. Ин ҷанбаи фаъолияти ӯ дар рисолаҳои илмӣ ва таҳқиқоти донишмандони гуногун, махсусан муҳаққиқони тоҷик Қ. Аламшоев ва Ғ. Ғарибшоев, инъикоси худро ёфтааст. Дар асоси иттилои мавҷудбудаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва баъзе санадҳои таърихӣ чанд иттилоъ ва андешаеро оид ба саҳми фарзанди сарсупурдаи миллат дар рушди маорифи тоҷик зикр намуда, умед дорем, ки ин маълумот барои тақвияти хотираи таърихии хонандаи муосири тоҷик низ аз фоида холӣ нахоҳад буд.

Рушди маорифи миллати моро дар солҳои бистум ва сиюми қарни гузашта, махсусан ду иқдоми ватанпарастонаи Шириншоҳ Шоҳтемур, такони хеле ҷиддӣ бахшид. Аввалан, таҳти сарпарастии ӯ Донишкадаи тоҷикии маориф дар шаҳри Тошканд, ки бештар бо номи русияш — Таджикский институт просвещения, мухтасаран Тоҷикинпрос ёд шуда, бо забони тоҷикӣ онро, асосан, Дорулмуаллимини тоҷикӣ мегуфтанд, таъсис дода шуд. Баъдан, бо иқдоми Шириншоҳ таҳияи нахустин китобҳои дарсии нав барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо забони тоҷикӣ оғоз гардид.

Аз санадҳои таърихӣ бармеояд, ки Дорулмуаллимини тоҷикӣ дар шаҳри Тошканд таҳти сарпарастии Шириншоҳ Шоҳтемур аз моҳи декабри соли 1924 ба фаъолият оғоз намуд. Ин муассиса ҳам вазифаи коллеҷ ва ҳам донишкадаро ба анҷом мерасонд, зеро дар он омӯзгорон барои зинаи таҳсилоти умумӣ ва устодони зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин, курсҳои муаллимтайёркунӣ омода карда мешуданд. Аз ҷониби дигар, дар Дорулмуаллимини тоҷикӣ маҷаллаҳо оид ба соҳаи маориф, тавсияҳои методӣ ва маводи таълимӣ низ таҳия мегардиданд. Аз ин рӯ, ин муассиса вазифаи донишкадаи такмили ихтисос ва пажӯҳишгоҳи педагогиро низ ба анҷом мерасонд. Ба ибораи дигар, Донишкадаи тоҷикии маориф дар шаҳри Тошканд ё Дорулмуаллимини тоҷикӣ, ки бо иқдоми Шириншоҳ Шоҳтемур таъсис ёфта, соли 1935 ба Донишкадаи тоҷикии омӯзгории дусола дар шаҳри Тошканд (двухгодичный Таджикский учительский институт) табдил дода шуд, ибтидои низоми нави таҳсилот дар маорифи тоҷик ҳам аз нуқтаи назари академӣ ва ҳам аз нуқтаи назари пажӯҳишҳои илмӣ маҳсуб мебошад.

Дар бораи рисолати таърихии Дорулмуаллимини тоҷикӣ ва нақши он дар рушди маорифи тоҷик сухан намуда, ҳамин нуктаро таъкид кардан кофист, ки тавассути он дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон нахустин кадрҳои омӯзгорӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва курсҳои муаллимтайёркунӣ пайдо шуданд. Шахсиятҳои бузурге чун шоири маъруфи тоҷик Мирзо Турсунзода (1911 – 1977) ва ғайра аз дастпарварони нахустини ин муассиса мебошанд.

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. Саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон дар рушди маориф

ДАР АКС: муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар шаҳри Хоруғ.

Чунонки маълум аст, Шириншоҳ Шоҳтемур солҳои 1925 – 1927, то таҳсил дар Донишгоҳи Коммунистии заҳматкашони Шарқ ба номи И. В. Сталин, комиссари (вазири) халқии назорати коргарию деҳқонӣ, намояндаи доимии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Ӯзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон ва дар як вақт иҷрокунандаи вазифаи комиссари халқии молия буда, муборизаро бо ҳаракати босмачигарӣ низ сарварӣ мекард. Ба ин фаъолияти густурда ва гуногунсоҳаи худ нигоҳ накарда, Шоҳтемур ба масъалаи маориф ҳам таваҷҷуҳи худро кам накарда буд. Аз ҷумла, соли 1926 бо иқдоми ӯ Комиссариати маорифи халқии Ӯзбекистон бо протоколи худ аз 12 декабри соли 1925 таҳти рақами 9 як комиссияи босалоҳияте барои тафтиши фаъолияти Дорулмуаллимини тоҷикӣ таъсис дод. Ба ҳайати комиссияи мазкур раиси комиссияи илмии Тоҷикистон Нисор Муҳаммадов (1897 – 1937), ваколатдори Комиссариати маорифи халқии Ӯзбекистон Дудко, директори худи Дорулмуаллимини тоҷикӣ Аҷабарӣ Шарафуддинов, мудири қисми таълими ҳамин муассиса Д. Дмитриенко ва комиссари маорифи халқии ҶМШС Тоҷикистон Аббос Алиев (1899 – 1958) шомил буданд. Комиссияи мазкур як санади муҳиме бо номи «Маъруза дар бораи вазъ дар Донишкадаи тоҷикии маориф дар шаҳри Тошканд (Дорулмуаллимини тоҷикӣ)» аз 14 феврали соли 1926 омода намуд, ки дар он тамоми камбудиҳои муассиса зикр гардида, ба тамоми масъулон, аз ҷумла ба Шириншоҳ Шоҳтемур расонда шуданд.

Санади мазкур, ки бо забони русӣ тартиб дода шудааст, аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, чанд лаҳзаеро аз пайдоиш ва рушди маорифи тоҷик дар ин солҳои хеле ҳам душвор равшан месозад. Аввалан, аз муҳтавои санад маълум мегардад, ки дар муассисаи мазкур соли 1926-ум 171 нафар таълимгиранда ба таҳсил бо забони тоҷикӣ фаро гирифта шуда буд. Дуюм, бинои таълимии Дорулмуаллимини тоҷикӣ мушкилоти зиёде дошта, аз ҷиҳати масоҳати таълимӣ нокифоя будааст ва бо ҳамин сабаб, таҳсил дар он дар ду баст сурат мегирифтааст. Дар бино маҷлисгоҳ, ошхона, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом ва ғайра вуҷуд надошта, ниҳодҳои ҷамъиятии онвақта, яъне созмонҳои пионерию комсомолӣ низ бо сабаби набудани толор дар ташкили маҳфилҳои худ ба мушкилот рӯ ба рӯ будаанд.

Ҳамзамон, аз муҳтавои санаде, ки аз ҷониби мутахассисон, аз ҷумла бо иштироки маорифпарварони солҳои бистуму сиюми қарни гузаштаи тоҷик чун Нисор Муҳаммадов ва Аббос Алиев бо иқдоми Шириншоҳ Шоҳтемур таҳия гардидааст, аён мегардад, ки масъалаҳои таъмини сифати таълим барои нозирон дар мадди аввал қарор доштаанд. Масалан, комиссия баъди санҷиш зикр намудааст, ки «комилан мавҷуд набудани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ, ба ҳамаи саъю кӯшиши ҳайати педагогӣ нигоҳ накарда, имкон намедиҳад, ки методҳои нави таълим ҳатто дар ҳадди ақал мавриди истифода қарор дода шаванд».

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. Саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон дар рушди маориф


Масъалаи дигаре, ки барои низоми кунунии маориф дар ҷумҳурӣ низ то ҳол мубрам аст ва онро аъзои комиссия дар санади фавқуззикр ҳанӯз соли 1926 ба миён гузошта буданд, ин дар Дорулмуаллимин мавҷуд набудани лаборатория ва кабинетҳои фаннӣ мебошад, ки нозиронро ба як хулосаи хеле муътамади илмӣ-педагогӣ овардааст: «Агар дар дорулмуаллимини дигар, масалан дар Дорулмуаллимини ақаллиятҳои миллӣ кабинет ва лабораторияҳои гуногун мавҷуд буда, таълимгирандагон зимни гузаштани курсҳо ҳар гуна зуҳуротро дар ҳаёт ва табиат бо таври аёнӣ фаҳмонда метавонанд, пас таълимгарандагони Дорулмуаллимини тоҷикӣ дар дасти худ асбобу таҷҳизот надошта ё курси омӯхташавандаро ба пуррагӣ намефаҳманд, ё худ, бадтар аз ин, дар ҳамон ақидаҳои худ, ки ба таври фавқуттабиию хурофотӣ зуҳуроти гуногунро тафсир мекунанд, боқӣ мемонанд».

Қисмати хулосавии санади таърихӣ — «Маъруза дар бораи вазъ дар Донишкадаи тоҷикии маориф дар шаҳри Тошканд (Дорулмуаллимини тоҷикӣ)» низ хеле ҷолиб аст. Муаллифони он кӯшиш кардаанд, ки бо торҳои нозуки сиёсати идеологӣ ва сиёсатмадорони онвақта «бозӣ карда», ба ҳар навъе, ки набошад, камбудиҳоро дар фаъолияти аввалин муассисаи тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ барои соҳаи маорифи тоҷик бартараф созанд: «Донишкадаи тоҷикии маориф дар шаҳри Тошканд (Дорулмуаллимини тоҷикӣ) ягона маркази фарҳангӣ барои тамоми тоҷикони Осиёи Миёна мебошад ва аз ин рӯ, он таваҷҷуҳи ҳам ҷонибдорони мактаби нав ва ҳам душманони онро, ки мехоҳанд ҳар як камбудии Дорулмуаллимини тоҷикиро ҳамчун камбудии тарбия ва таълим дар умум муаррифӣ намоянд, ҷалб месозад. Аз ин рӯ, комиссия қотеона талаб мекунад, ки ба Дорулмуаллимини тоҷикӣ бино бо масоҳати зарурӣ ҷудо гардида, фавран ба нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ шуруъ карда шавад».

Дар маҷмуъ, фаъолият ва иқдомҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳаммаслакони ӯ дар солҳои бистуму сиюми қарни гузашта шаҳодат аз он медиҳанд, ки онҳо барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти миллати тоҷик ва давлатдории он, аз ҷумла барои соҳаи маориф, хидматҳои арзандаеро ба иҷро расондаанд. Маҳз ба ҳамин ҷанбаҳои фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур ишора карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Ин шахсияти далеру равшанзамир ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ дар кадом сатҳе, ки фаъолият мебурд, ба кадом вазифае таъин ё интихоб мешуд, бо ҷиддияти том барои ҳалли масоили мавҷудаи ҳаётӣ ва ташкили давлати мустақили тоҷикон ҳамаҷониба кӯшиш менамуд. Маҳорати баланди ташкилотчигии ӯ ҳангоми адои вазифаҳои душвор дар ҷорӣ намудани арзишҳои нави ҳаёти иҷтимоӣ, барҳам додани бесаводии омма, наҷот додани аҳолӣ аз гуруснагӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, рушди заминаҳои фарҳанги миллӣ, таҳкими мақому манзалати зан дар ҷомеа, бунёди сохторҳои маориф, рушди хизматрасонии тиббӣ ва монанди инҳо баръало зоҳир мегардид».

Ин аст баҳои воқеӣ ба шахсияти фарзанди сарсупурдаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ки бо кору амали маорифпарваронаи худ дар солҳои барои миллати тоҷик хеле сангин имрӯз соҳиби иззату эҳтироми хосса ва мавриди арҷгузории мардум дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон гаштааст.

Хуршед ЗИЁӢ,
доктори илми фалсафа, профессор

Бознашр аз нашрияи «Ҷумҳурият» аз 30.08.2021 №:172
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. Саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон дар рушди маориф


ДАР АКС: Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ВМКБ дар назди муҷассамаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар шаҳри Хоруғ.

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. Саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон дар рушди маориф

ДАР АКСҲО: 1.Шириншоҳ Шоҳтемур бо писараш, ки низ Шириншоҳ ном дошт ва 3 июни соли 2020 дар синни 88-солагӣ дар Москва аз олам даргузашт. Ӯ дар Бемористони машҳури ба номи Боткини шаҳри Москва ба ҳайси духтури рентгенолог кор мекард, номзади илмҳои тиб, дотсент буд. 2.Оромгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар қабристони бародарии Дони Москва ҳамеша гулпӯш аст.
Вернуться назад