Главная > Навидҳо > Сокинони ҷамоати дурдастарини ноҳияи Айнӣ соҳиби бунгоҳи тиббӣ шуданд

Сокинони ҷамоати дурдастарини ноҳияи Айнӣ соҳиби бунгоҳи тиббӣ шуданд


22-08-2021, 06:13.
Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Саратоғи Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ бунгоҳи тиббии замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Зимни ифтитоҳи бунгоҳи тиббӣ раиси ноҳия Муқим Муродзода зикр намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия шумораи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ба маротиб меафзояд, ки ин гувоҳи зиндагии шоиста доштани мардуми ноҳия ва деҳоти дурдасти он мебошад.

Бунгоҳи тиббӣ барои беш аз 150 нафар аҳолии деҳа бо маблағи 570 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Бунгоҳ аз 4 ҳуҷра иборат буда, тамоми таҷҳизоти тиббии муосир, аз қабили УЗИ, ЭКГ, Монитор, Небулайзер ва мизу курсиҳои соҳавӣ дар он муҳайё гардидаанд. Дар бунгоҳи мазкур 3 нафар сокинони деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Вернуться назад