Главная > Навидҳо > 22 сентябр дар Тоҷикистон чун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад

22 сентябр дар Тоҷикистон чун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад


23-09-2016, 11:36.

22 сентябр дар Тоҷикистон чун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад
Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи АТТ ва Бунёди Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ «Таҳқиқ ва таълими мероси Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар даврони муосир» баргузор гардид.
Кароматулло Олимов, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки осори Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳамеша пур аз ҳикмат, пур аз таҷрибаи рӯзгор ва санъати олии шеърӣ буда, то имрӯз ҳазорҳо шоирону адибонро тарбия кардааст.
«Рӯдакишиносӣ дар ҷумҳурӣ хеле ривоҷ ёфта, баъд аз ҷашни 1100 солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устодони бузург аз ҷумлаи Мирзо Турсунзода, Абдулҳамид Мирзоев, Шарифҷон Ҳусензода ва дигарон асару мақолаҳои зиёди пурмазмун эҷод карданд, ки барои рӯдакишиносии оянда такони ҷиддӣ аст»,- гуфт Кароматулло Олимов.
Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ шоми имрӯз Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги кишвар дар нақша дорад, ки дар Қалъаи Ҳисори шаҳри Ҳисор операи Шарофиддин Сайфиддинов «Рӯдакӣ»-ро манзури ҳаводорони назм ва санъат гардонад.
Боиси зикр аст, ки соли 2002 бо ташаббуси вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву тасдиқи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Рӯзҳои ид» тағирот ворид карда шуда, 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардид ва он ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.
Вернуться назад