Главная > Навидҳо > Афзоиши шумораи мактабҳо дар вилояти Хатлон

Афзоиши шумораи мактабҳо дар вилояти Хатлон


21-09-2016, 10:47.
Дигаргуниҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон, ки дар зарфи 25 соли охир ба вуқуъ пайвастаанд, гувоҳи ба тадриҷ рушд ёфтани ин соҳаи ҳаётан муҳими иҷтимоӣ мебошанд.
Тавре аз шуъбаи иттилотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, соли 1991 дар вилояти Хатлон 1002 муассисаи таълимӣ фаъолият менамуд ва соли 2015 шумораи муассисаҳои таълимии вилоят ба 1326 адад расид, ки ин нисбат ба соли 1991 324 адад зиёд мебошад.
Соли 1991 дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 397 ҳазору 700 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд.
Солҳои 2015 — 2016 ин шумора ба 666 ҳазору 249 нафар расид, ки ин нисбат ба соли 1991 -268 ҳазору 549 нафар зиёд мебошад.


Вернуться назад