Главная > Навидҳо > Ифтитоҳи корхонаи хурди саноатӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Ифтитоҳи корхонаи хурди саноатӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ


22-09-2016, 10:37.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ дар рӯзҳои ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Дашти-Гуло аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ корхонаи хурди ордбарорӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре Маъдӣ Орифӣ, раиси Ҷамоати деҳоти Дашти-Гуло иттилоъ дод, баъди таҷдиди сохтори кишоварзӣ ва дар заминаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ташкил намудани хоҷагиҳои хурди деҳқонию инфиродӣ замин соҳиби аслии хешро пайдо намуда, истифодаи оқилонаи он ба роҳ монда шуд.
Аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ дар кишти аввал дар қитъаҳои замини хеш гандум ва дигар намуди ғалладонагӣ корида, барои коркард ва истеҳсоли орд мушкилӣ доштанд. Бо ифтитоҳи корхонаи нав деҳқонон метавонанд маҳсули дастранҷи хешро бо хароҷоти камтарин дар ҷамоати худ коркард намоянд.
Хамчунин дар ҷамоати деҳоти Дашти-Гуло як коргоҳи хурди истеҳсоли кулчақанду шириниҳо фаъол шудааст, ки панҷ нафар занони маҳаллӣ дар он бо кор таъмин гардиданд.
Вернуться назад