Главная > Навидҳо / Истиқлолият > Имсол соҳибкорони маҳаллӣ дар Кӯшониён 9,1 километр роҳро мумфарш карда, ду пул сохтанд

Имсол соҳибкорони маҳаллӣ дар Кӯшониён 9,1 километр роҳро мумфарш карда, ду пул сохтанд


12-07-2021, 11:34.

Соли равон дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 256,9 ҳазор сомонӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 27,5 ҳазор сомонӣ барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои мошингард ҷудо гардид. Аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бошад, дар панҷ моҳи соли равон 9,1 километр роҳ мумфарш ва ду пул сохта шудааст, ки маблағи он 79,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дарозии роҳҳои ноҳия 231,9 километрро ташкил дода, 34,8 километри он дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошанд. 18,7 километр роҳҳои мошингарди ноҳия дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буда, роҳҳои маҳаллӣ 178,4 километрро ташкил медиҳанд. Айни замон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии роҳҳои мошингард дар деҳоти ноҳия идома доранд.

Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Кӯшониён яке аз ноҳияҳои калонтарин ва сераҳолитарини вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, бо мақсади омодагӣ ба ҷашни миллӣ, дар ноҳия бунёди 337 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз онҳо давоми солҳои 2018 — 2021 304 — тои он ба истифода дода шуд. Ин 90,2 дарсади нақшаи тасдиқгардидаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия сохтмони 57 синфхонаи иловагӣ бо 1445 ҷоий нишаст идома дошта, як муассисаи таълимӣ бо 24 синфхона барои 620 нафар дар як баст дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар ҳудуди ноҳия 52 майдонча ва 8 толори варзиш ба истифода дода шудааст.


Вернуться назад