Главная > Навидҳо > Корҳои ободонию навсозӣ дар ноҳияи Лахш

Корҳои ободонию навсозӣ дар ноҳияи Лахш


20-09-2016, 14:01.
Дар натиҷаи ғамхорӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағгузориҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Лахш сол аз сол афзун гардида, аз ин ҳисоб дараҷаи некӯаҳволии сокинони ноҳия, вазъи таъминоти иҷтимоии нафақагирон, бепарасторон, кормандони соҳаҳои ҳифзи саломатӣ, маориф ва дигар хизматчиёне, ки музди маоши онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷет пардохт мегардад, комилан рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Агар дар соли 1996 ҳаҷми умумии маблағгузориҳо аз буҷети давлатӣ ҳамагӣ 236 ҳазору 898 сомониро ташкил дода бошад, пас он соли 2015 -32 млн. 953 ҳазору 234 сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 1996 32 млн. 716 ҳазору 336 сомонӣ зиёд аст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар ташриф ба ин ноҳияи дурдаст бо ҳиммати баланди худ чанд иншооти навро мавриди истифода қарор дода, садоқату дилгармии сокинони ноҳияро нисбат ба ояндаи неки Тоҷикистони азиз фузунтар мегардонанд. Сарвари давлат зимни сафари кории рӯзҳои 3- 4 октябри соли 2008 ба ноҳияи Лахш сокинони ин ноҳияро низ сазовори лутфу дастгириҳои худ гардонида, соҳаҳои гуногуни ноҳияро бо 9 автобус, 12 трактор, 5 мошини ёрии таъҷилӣ ва мактабҳои ноҳияро бо 90 адад компютер таъмин гардониданд, ки ин иқдоми Ҷаноби Олӣ баҳри осон гардонидани мушкилоти сокинони ноҳия мусоидат намуд.
Инчунин Сарвари мамлакат бо мақсади тақвияти раванди корҳои ободонию созандагии ноҳия, аз ҷумла таҷдиду навсозии маркази ноҳия бо назардошти бунёди иншооти инфрасохторӣ, маҳаллаҳои нави аҳолинишин, кӯпрукҳо ва сохтмону таҷдиди роҳҳо дастуру пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Дар ин самт то имрӯз тавассути маблағгузориҳо аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2,5 млн. сомонӣ корҳои ободонию навсозӣ ба сомон расонида шудаанд.


Вернуться назад