Главная > Навидҳо > Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот намуданд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот намуданд


17-06-2021, 07:30.

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш ва Данғараро, ки мақсад аз он боздид аз рафти корҳои бартарафкунии оқибати офатҳои табиӣ, сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои сокинони аз офат зарардида, инчунин шиносоӣ бо рафти корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ буд, натиҷагирӣ карданд.

Ҳадафи мулоқоти имрӯзаро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили вазъи корҳо дар вилоят, аз ҷумла рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва раванди ободкориву созандагӣ, яъне омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, маънидод карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вусъати корҳои бузурги ободониву созандагии мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар вилоят то имрӯз 6960 иншооту биноҳо сохта, ба истифода дода шудааст, ки дар заминаи онҳо 8900 ҷойи нави доимии корӣ ва 21000 ҷойи кории мавсимӣ таъсис дода шудааст. Иҷрои нақшаи зикршуда дар вилоят беш аз 91 фоиз таъмин гардида, дар иншооти боқимонда корҳо бомаром идома доранд.

Барои таъмини пурраи нақша роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ иҷрои корҳои ободониву бунёдкориро тибқи нақшаи тасдиқшуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 51 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Ҳоло татбиқи барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 — 2025 идома дорад, ки дар доираи он амалисозии 345 лоиҳа ба маблағи умумии 7,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

То ба имрӯз дар вилоят 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 15 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст. Ҳоло дар ҳудуди вилоят татбиқи боз 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, дар доираи онҳо маблағи зиёда аз 5,2 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ татбиқи сифатноки барномаву лоиҳаҳои пешбинишударо дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд.

Роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаҳо вазифадор шуданд, ки камбудиҳои дар самти иҷроиши буҷет ҷойдоштаро сари вақт бартараф намуда, барои рушди бомароми ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, иҷрои нақшаи андоз, афзоиши даромади буҷет ва баланд бардоштани шаффофияту самаранокии хароҷоти он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дастурҳо ҳамчунин ҷиҳати кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ва қарзи корхонаҳо, идораи босамари амволи давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, афзоиш додани ҳаҷми содирот ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷет, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа, дода шуд.

Дар давоми чор моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби низоми бонкӣ дар ҳудуди вилоят 849 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 236 миллион сомонӣ ё қариб 37 фоиз зиёд мебошад.

Сарвари давлат вобаста ба нокифоя будани ҳаҷми корҳо дар ин самт Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзиро вазифадор карданд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, алалхусус, ба бахши истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Вобаста ба нишондиҳандаҳои воқеии соҳаи саноати вилоят ва барои таъмин намудани ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар Сарвари давлат аз роҳбарону масъулини соҳа, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо андешидани чораҳои қатъӣ ва фавриро талаб карданд.

Ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бори дигар супориш дода шуд, ки ҷиҳати барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои аз кор бозмонда, таъсиси корхонаву коргоҳҳои нав, то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, барои татбиқи ин ҳадаф боз ҳам бештар ҷалб кардани соҳибкорон ва сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ, дар ин замина бамаротиб афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ барои сокинони вилояти аз ҳама сераҳолии кишвар чораҳои фаврӣ андешанд.

Инчунин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, дигар сохторҳои марбутаи соҳа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки барои истеҳсоли нерӯи барқ бо дарназардошти истифодаи пурраи иқтидорҳо, кам кардани талафот ва истифодаи самараноку сарфакоронаи он, инчунин, пурра ҷамъоварӣ намудани маблағи барқи истифодашуда чораҷӯӣ намоянд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, воридоти техникаву технологияҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ҳудуди вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ — “Панҷ”, “Данғара” ва “Кӯлоб” таъсис дода шудааст, ки метавонад барои баланд бардоштани иқтидори саноатии вилоят саҳми арзанда гузорад. Вале имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ то ҳанӯз пурра истифода нашуда истодаанд, ки чунин вазъ хеле ташвишовар мебошад.

Вобаста ба ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вазифадор гардиданд, ки бунёди инфрасохтори зарурии минтақаҳои озоди иқтисодиро ба анҷом расонида, ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро барои ташкили фаъолияти истеҳсолӣ дар онҳо, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои саноатии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ вусъат бахшанд.

Сарвари давлат бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он доир ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, аз заминҳои обӣ рӯёнидани се — чор ҳосил, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди он ва содирот ба хориҷи кишвар, супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва бо истифодаи ҳамаи захираву имкониятҳо корро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Роҳбарону масъулини вилоят вазифадор шуданд, ки барои ташкили фермаҳои чорводорию парандпарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, хушзоткунии чорво, истеҳсол ва захира намудани хӯроки чорво ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Бо дарназардошти вазъи ногувори мелиоративии як қисм заминҳо, роҳбарони вилоят, Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш гирифтанд, ки барои беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тадбирҳои фаврӣ андешида, истифодабарии самараноки заминҳо ва шабакаҳои обёриро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.

Зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, вобаста ба рушди ин бахшҳо роҳбарону масъулини соҳаро вазифадор карданд, ки барои татбиқи босифати барномаҳои дар соҳаҳои иҷтимоӣ қабулшуда тадбирҳои зарурӣ андешида, доир ба ҳолати воқеии корҳо то охири соли 2021 ба Дастгоҳи иҷроияи Президент гузориш пешниҳод намоянд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳадафи асосиву ягонаи давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушду тараққиёти кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, зина ба зина беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ ва дар ояндаи наздик боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаву канори он мебошад.

Бинобар ин Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи вилояти Хатлон, хусусан, бо дарназардошти вазъи бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза минбаъд низ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ ҳушёру омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ, махсусан, дар арафаи сисолагии истиқлоли давлатӣ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳиҳо ба ҳолати 1 июни соли 2021 ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.
Вернуться назад