Главная > Навидҳо > Дар Душанбе «TajRupt» — нахустин лабораторияи зеҳни сунъӣ ифтитоҳ гардид, ки дар Осиёи марказӣ беназир аст

Дар Душанбе «TajRupt» — нахустин лабораторияи зеҳни сунъӣ ифтитоҳ гардид, ки дар Осиёи марказӣ беназир аст


10-06-2021, 09:19.
Нахустин озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо номи «TajRupt» дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард. «TajRupt» бо дастгирӣ ва мусоидати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи муассисаи мазкур кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон, Вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар, Раиси Бонки миллӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таълимии зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

-Тавонмандсозии ҷавонони кишвар дар соҳаи зеҳни сунъӣ аз ҳадафҳои асосии таъсиси муассиса маҳсуб меёбад,- мегӯяд муассис ва роҳбари «TajRupt» Азизҷон Азимӣ.

Барномаи таълимии «TajRupt» дар шакли баъд аз мактаб тартиб дода шуда, 10 ҳафта давом мекунад ва иборат аз 75 дақиқаи дарсҳои интерактивӣ, дар як ҳафта се маротиба мебошад. Донишҷӯ дар TajRupt, дар доираи барномаи таълимии 10-ҳафтаӣ як қатор мафҳумҳоро, аз қабили сиёсати давлатӣ, фалсафа, бозорҳо, ВАО, технология, ҷаҳонишавӣ ва корҳои байналмилалӣ ва баробарии гендериро меомӯзад. Барномаи таълимӣ ба се сатҳ тақсим карда шудааст, ки аз рӯи таркиб ва мавзӯъҳои мушаххас фарқ мекунанд. Барои ҳавасмандгардонии таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба барномаи таълимӣ, забони англисӣ ҳамчун забони асосии муошират дар синф ҷорӣ гардидаааст.
Вернуться назад