Главная > Навидҳо > Дар деҳаи Ҷарқӯрғони шаҳри Истаравшан маркази саломатӣ, гармхона бунёд шуда, кӯдакистон аз нав барқарор мегардад

Дар деҳаи Ҷарқӯрғони шаҳри Истаравшан маркази саломатӣ, гармхона бунёд шуда, кӯдакистон аз нав барқарор мегардад


10-06-2021, 08:58.
Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ҷарқӯрғони Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ бунёд мегардад. Бо ин мақсад, 9 июни соли равон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода якҷо бо масъулин аз макони корҳои сохтмонии маркази саломатӣ дидан намуда, бо лоиҳаи он аз наздик шинос шуданд.

Тавре аз маркази матбуоти дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, маркази саломатии мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони маҳал дар деҳаи Ҷарқӯрғон ба нақша гирифта шуда, бинои мазкур то ҷашни миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Сипас раиси шаҳри Истаравшан бо ҷараёни корҳои сохтмонии гармхона дар муассисаи таълимии №22-и деҳаи мазкур шинос гардид.

Сохтмони гармхонаи мазкур соли 2021 дар доираи лоиҳаи «Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ» пешниҳод ва маблағгузорӣ карда шуда, моҳи апрели соли равон корҳо дар ин самт оғоз гардидаанд.

Ба иттилои масъулин, сохтмони гармхона то таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ба итмом расонида шуда, пас аз ба истифода қарор гирифтан дар он сабзавоти барвақтӣ ва меваҳои гуногун парвариш карда мешаванд.

Раиси шаҳри Истаравшан ҳамчунин бо ҷараёни корҳои барқароркунии кӯдакистони аз фаъолият бозмондани деҳаи Ҷарқӯрғон шинос шуд. Барқарорсозии кӯдакистони мазкур соли 2020 бо дастгирии фаъолони деҳа ва соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардида, то ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муассисаи томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Баъди ба истифода додани кӯдакистон 200 нафар тарбиятгиранда дар он фаро гирифта мешавад.
Вернуться назад