Главная > Навидҳо > Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд


8-06-2021, 09:41.
Дирӯз бо ташаббуси ҷониби Туркманистон суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор намуда, ҳамкории ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Суҳбат дар фазои созандаи корӣ баргузор гардид.
Вернуться назад