Главная > Навидҳо > Дар ноҳияи Деваштич дар замони соҳибистиқлолӣ иншооти зиёди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба истифода дода шуд

Дар ноҳияи Деваштич дар замони соҳибистиқлолӣ иншооти зиёди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба истифода дода шуд


8-09-2016, 15:48.
Ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Иштирокдорони ҷамъомад ва кулли сокинони ноҳияро раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ба муносибати ҷашни фархундаи миллат табрик гуфта, аз хизматҳои мондагори сармеъмори сулҳи тоҷикон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сулҳу субот, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Пешвои миллат дар тамоми деҳоти ноҳия мактабу табобатгоҳ, иншооти варзишиву фарҳангӣ, роҳу пулҳо бунёд ва навсозӣ гардиданд.
Дар ҷамъомад беш аз 50 нафар кормандони соҳаҳои гуногун барои хизматҳои шоистаашон бо сипосномаҳои роҳбарияти ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд


Вернуться назад