Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Фарҳанг > Имрӯз дар Тоҷикистон Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- «Парасту — 2021» оғоз меёбад

Имрӯз дар Тоҷикистон Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- «Парасту — 2021» оғоз меёбад


19-05-2021, 10:52.
Имрӯз 19 май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2021» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов гузаронида мешавад.

Ҳадафи фестивал-озмун аз рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстиву ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ иборат мебошад.

Дар Фестивал-озмун 11 театри касбии ҷумҳурӣ иштирок карда, ба он беҳтарин намоишҳое пешниҳод мешаванд, ки тӯли солҳои 2019-2021 рӯи саҳна омадаанд ва интихоби мавзӯъ озод аст. Натиҷагирии Фестивал-озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мунаққидон ва коршиносони соҳаи театрии кишвар гузаронида шуда, инчунин дар ҷараёни баргузории Фестивал-озмун ду ҳамоиш дар назар аст: «Ато Муҳаммадҷонов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» ва “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон”. Дар ин ҳамоишҳо андешаҳои мунаққидон ва театршиносон дар бораи асарҳои ба Фестивал-озмун пешниҳодшуда манзур мешаванд.

Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва дар он театрҳои касбии тамоми манотиқи кишвар ширкат менамоянд. Даромад ройгон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки маросими пӯшидашавии Фестивал- озмун 25 май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
Вернуться назад