Главная > Навидҳо / Фарҳанг > Дар Ӯзбекистон китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» муаррифӣ гардид

Дар Ӯзбекистон китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» муаррифӣ гардид


4-05-2021, 10:49.

Дар Ӯзбекистон китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» муаррифӣ гардид
3 май бо ибтикори собиқ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар бинои Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия муаррифии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудааст, доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар маросими мазкур муовини Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон, сафирони кишварҳои хориҷӣ, директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, ректори Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия, мудирони кафедраҳои Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи давлатии забонҳои Ӯзбекистон, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» ва дигарон ширкат варзиданд.
Дар Ӯзбекистон китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» муаррифӣ гардид

Дар ҳамоиш иштирокдорон атрофи китоби мазкур, ки дар бораи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, нақши он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳикоя мекунад, ибрози андеша карданд. Зимнан таваҷҷуҳи махсус ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва нақши роҳбарони ду кишвар дар рушди ҳамкории дуҷониба зоҳир шуд.


Вернуться назад