Главная > Навидҳо > Тоҷикистон ва Туркия ба ҳамкории нақлиётӣ тавсеа мебахшанд

Тоҷикистон ва Туркия ба ҳамкории нақлиётӣ тавсеа мебахшанд


3-05-2021, 16:37.

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи нақлиёт дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар вохӯрӣ мусоҳибон бо қаноатмандӣ аз ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ибрози назар намуда, зикр карданд, ки минбаъд низ ҷиҳати густариши ҳамкорӣ ва мусоидат дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва Туркия чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Вернуться назад